Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ
Нашр шуд. Пан, 11/09/2014 - 21:04Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Вохӯрии аввал бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ баргузор гардида, зимни он масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.