Ифтитоҳи Хона - интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтар

Дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Хона- интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон ифтитоҳ ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, ин муассисаи будубоши доимӣ барои маъюбони калонсоли гирифтори бемории рӯҳӣ буда, дорои 100 кат-ҷой мебошад. Муассиса бо харҷи 14, 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд ёфтааст.
Бино ва иншооти хона – интернат маҷмуавӣ буда, бо тарҳи замонавии мутобиқ ба муассисаҳои иҷтимоӣ сохта шудааст. Маҷмаъа аз 4 бинои истиқоматӣ, 1 бинои маъмурият ва 1 бино барои ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад.
Дар хона – интернати мазкур аввалин бор дар ҷумҳурӣ барои барқароркунии саломатӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбони бемориҳои рӯҳӣ ҳуҷраҳо ва утоқҳои махсусгардонидашуда, аз қабили кордармонӣ, гиёҳдармонӣ, офиятбахшӣ бо истифода аз санъати бадеии расмкашӣ, рақсу мусиқӣ, бозиҳои компютерӣ, китобхона ва толори хониши бадеӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.
Дар баробари ин дар дохили маҷмаъа бо мақсади ҷалби маъюбон ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва варзиш як коргоҳи хурди дӯзандагӣ, кулолгарии миллӣ ва толори бошукӯҳи замонавии варзишӣ бунёд карда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо, утоқҳо ва толорҳои зикргардида бо таҷҳизоти замонавии функсионалӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар хона - интернат барои тавонбахшии тиббию иҷтимоии бошандагон ва солимгардонии онҳо ҳамчунин қисмати тиббӣ иборат аз утоқҳои физиотерапевтӣ, дандонпизишкӣ, амрози занона, масҳи табиӣ, муойинаи барқии дил ва тадқиқоти ултрасадо муҳайё шудааст.
Дар ин хона – интернат қариб 80 нафар кормандони ин соҳа бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ қариб 600 нафар маъюбони рӯҳӣ, аз ҷумла 259 нафар калонсолон ба чунин хизматрасонӣ ниёз доранд.
Барои фаъолияти мунтазам ва самараноки хона – интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Бохтар ва нигоҳубини доимии бошандагони он дар соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 1 млн. 291 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ин барои ҳар як бошанда ба ҳисоби миёна 1075 сомонӣ дар як моҳ рост меояд.
Хона – интернат дар майдони 7 гектар замини обӣ ҷойгир шуддааст, аз ин рӯ, дар назар дошта шудааст, ки дар муассиса хоҷагии ёрирасон ва якчанд коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ташкил карда шаванд. Бо ин мақсад, аз ҷумла ҳоло дар ҳудуди хона – интернат як гармхона ва корхонаи хурди мурғпарварӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин ҷо муҳаёгардида изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулини соҳа ва роҳбарияту кормандони муассиса дастур дод, ки нигоҳубини иншоот ва хизматрасонӣ ба ниёзмандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, аз хайру савоби ин амалҳои накукорона баҳравар гарданд.