Иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск

Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон, Арманистону Озарбойҷон, Молдова, Русия ва кишвари мизбон-Беларус ба ҳам омаданд. Аз Украина сафири ин кишвар дар Беларус намояндагӣ кард.
Масоили таҳкими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, такмили заминаи ҳуқуқии робитаҳо, пурзӯр намудани ҳамгироӣ ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамчунин омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳамтоёни худро ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, иҷрои қарори сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳод доир ба расондани кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин ба афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ҷалб намуда, онҳоро ба вусъати ҳамкорию ҳамгироии муассир даъват намуд.
Тибқи қарорҳое, ки дар фароварди ҷаласа қабул шуд, шаҳрҳои Воронежи Русия ва Кӯлоби Тоҷикистон пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2015 ва соли 2016 Соли Маориф дар қаламрави иттиҳод эълон гардид.