Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ
Нашр шуд. Шан, 04/10/2014 - 14:23Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Ба ифтихори ин ҷашнҳои бузург дар толор роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли илму маърифат ва зиёиёни эҷодкори кишвар ҷамъ омаданд.