Ахбор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ ва прокуратура таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Нашр шуд. Чор, 05/03/2025 - 05:16Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Нашр шуд. Чор, 05/03/2025 - 05:13Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
Нашр шуд. Душ, 03/03/2025 - 11:20Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 2 марти соли 2025 баргузор шуд, ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд. Дар ин хусус имрӯз роҳбари намояндагӣ Леонид Анфимов зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои мониторинги омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботӣ изҳори назар намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
«Намояндагии мо ягон қонуншиканиеро, ки метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад, муайян накард», — гуфт Леонид Анфимов.
Номбурда гуфт, ки овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони халқӣ дар мамлакат дар вазъияти ором ва дараҷаи баланди ташкилӣ гузашт.