Activities calendar

22 майи 2015

Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони азиз!
Шумо нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши