Activities calendar

17 июни 2015

Паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони гиромӣ!
Моҳи мубораки Рамазонро, ки фардо фаро мерасад, ба кулли мардуми мусулмони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саодати рӯзгор ва суботу оромӣ орзу менамоям.
Моҳи Рамазон, ки айёми раҳмату мағфират, файзу баракат мебошад, инсонро ба сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, эҳсону мурувват, қаноату умедворӣ даъват намуда, дари раҳмати