Activities calendar

26 июни 2015

Суханронӣ ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!
Донишҷӯёни муҳтарам!
Фардо мардуми шарафманди тоҷик ҳаждаҳумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад.
Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки