Activities calendar

03 декабри 2015

Тамошои Кӯлоб

Шаҳри Кӯлоб бо таърихи куҳани худ таваҷҷуҳи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохтааст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда мавҷуданд, ки ҳанӯз дар асрҳои IX-VII - пеш аз мелод дар Осиёи Миёна маълум буданд. Кӯлоб аз шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистони имрӯзи, таърихи рангину кадима дорад. Дар замонҳои пешин он ҷузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталл, Хуталлон) ба ҳисоб мерафт. Хатлони таърихӣ кишваре буд, ки дар байни ду руди