Activities calendar

04 октябри 2016

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони  азиз!
Кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям.   
Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.
Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад