Activities calendar

10 апрели 2017

«Диққат, диққат, ин ҷо…» Аввалин бор Радиои Тоҷикистон 10 апрели соли 1930 садо дода буд

Аввалин маротиба 10 апрели соли 1930 садои Радиои Тоҷикистон бо ибораи «Диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон ва Театри ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар фазои пойтахти Тоҷикистон паҳн гардида буд. Аввалин наттоқи ин радио Агрепина Рженовская аз рӯзи аввал бо садои буррои худ ба дили шунавандагон ҷой гирифт.
Дар оғози фаъолият доираи шунавандагони радио маҳдуд буд, зеро он вақт ҳамагӣ 20 дастгоҳи садодиҳӣ дар ҷойҳои серодам насб карда шуда буданд. Пас аз чанд муддат теъдоди