Activities calendar

22 июни 2018

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” баъди азнавсозӣ ва иштирок дар таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.