Activities calendar

27 сентябри 2018

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Игор Додонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари Молдова манфиатдорем.