Activities calendar

26 июни 2020

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Табрикоти раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба муносибати рўзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамкорони азиз, бо фаро расидани ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн таҷлил мегардад, шуморо аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам табрику таҳният намуда, бароятон сарбаландию саломатӣ ва қобилияти ҷаззоби касбию сухани созанда таманно дорам!

Агар моҳияти ваҳдатро аз нигоҳи илм баррасӣ кунем, ин мафҳум доманаи хеле фарох дорад. Он ягонагию сарҷамъӣ ва як мақсаду як ҳадаф дош¬тани миллатро ифода мекунад. Ба ин маънӣ ваҳдати миллӣ ҷавобгўй будани миллати моро ба нишонаҳо ва хусусиятҳои асосии миллат ҳамчун иттиҳодияи таърихан шаклгирифта...