Activities calendar

28 октябри 2021

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон!

Мулоқоти мову шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматкаши вилояти Хатлон ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ таҷлил намуданд ва ин равандро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон идома