Имсол Телевизиони «Сафина» ба таҳияи филмҳои телевезионии бисёрсериягӣ шурӯъ мекунад

Нишасти матбуотии Телевизиони «Сафина»   доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017  бо суолу ҷавоби роҳбарияти ин муассиса бо намояндагони ВАО   оғоз гардид.

Директори муассиса Носир Саидов  зимни посух ба суолҳои  хабарнигорон, аз ҷумла, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ   Телевизиони «Сафина» 20  барномаи навро дар  жанрҳои мухталиф таҳия  ва се лоиҳаи калонҳаҷми озмунӣ- Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ – телевизионии эҷодиёти халқ Бӯстон -2017, озмуни телевизионии «Беҳтарин»  ва «Ихтироъ»-ро  амалӣ намуд.

Носир Саидов ҳамчунин иброз дошт, ки  яке аз дастоварҳои назарраси  Телевизиони «Сафина» дар ин давра гузариш ба пахши дақиқияташ баланд (HD) аст, ки  бахшида ба ин рӯйдоди фараҳбахш ва Рӯзи забони давлатӣ 5 октябр дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе барномаи калони фарҳангӣ ташкил гардида, ҷараёни он ба таври мустаҳким  тариқи эфири шабака пахш шуд.

«Лоиҳаи дигаре, ки аз навгониҳои  Телевизиони «Сафина» маҳсуб мешавад, ин лоиҳаи «Шоирона» аст, ки ҳадаф аз роҳандозии он тарғиби шеъру шоирӣ ва ҷалб кардани наврасон ба шеърхонӣ ва ба ин восита, тарбия  намудани онҳо дар рӯҳияи ватанпарвариву инсондӯстӣ мебошад», — афзуд директори муассиса.

Ба иттилои Носир Саидов,  давоми соли равон дар Телевизиони «Сафина» банаворгирии  филмҳои телевизионии бисёрсериягӣ шурӯъ гардида,  барои  таҳия ва пахши барномаҳо   дар жанри ҳаҷву мазҳака банақшагирии  як зумра корҳо ба анҷом расидаанд.