Консертҳои идона бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

Дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо иштироки ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радио консерти бошукӯҳе доир гардид.  Мардуми ноҳия бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ аз ин консерти идона ба хушӣ истиқбол намуданд. 
Аз чеҳраҳои мардуми Шуғнон ҳувайдо буд, ки онҳо аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шукрона намуда, ифтихор аз он доранд, ки дар Ватани соҳибистиқлоле чун Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. 
Ёдовар бояд шуд, ки барномаҳои консертӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радио дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҳамарӯза баргузор хоҳанд гардид.