Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар  Конфронси байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ  кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.
Конфронси байналмилалиро раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, сухани табрикиро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти кишвар, пеш аз ҳама, меҳмонони хориҷиро хайра мақдам гуфта, ба кормандону собиқадорони мақомоти судӣ ва хусусан Суди конститутсионии  Тоҷикистон солгарди 20-ум аз ин санаи таърихиро шодбош гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки бо вуҷуди ин истиқ¬лоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри ХХ муяссар шуд ва бо ин дар сарнавишти миллати мо таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллӣ оғоз ёфт.
Бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои бешумор ва шароити сангини солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъкид гард, ки эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин танҳо оғози кор аст.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ин солҳо роҳбарият ва мардуми шарафманди мо мушкилоти сангину нангини бешморро пушти сар карда, Тоҷикистони тозамустақилро аз вартаи фано раҳо бахшиданд ва ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва эъмори ҷомеаи мутамаддини муосир раҳнамун сохтанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва басо муҳими Конститутсия ва Суди конститутсиониро дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистон таъкид намуд.
Тазаккур дода шуд, ки Суди конститутсионии Тоҷикистон дар тӯли 20 сол зарурати мавҷудият ва фаъолияти худро дар сохтори даввлатдории мо баръало собит намуд, ҳарчанд дар аввалҳо зарурати таъсиси чунин ниҳод зери шубҳа бурда мешуд. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон татбиқи босамари ду барномаи ислоҳоти судӣҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 ва барои солҳои 2011-2013 изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳори бовар кард, ки татбиқи барномаи нави ислоҳоти ин соҳа барои солҳои 2015-2017 қабулшуда, амалӣ гардидани вазифаҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар мегардад ва ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу нерӯманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд ва бо ҳуқуқшиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин мешавад ва барои такмили бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хо¬ҳанд шуд.
Дар поёни сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар  судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20 - солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барору комёбӣ таманно кард. Ҳамчунин ба кори конфронси байналмилалӣ муваффақият ва ба меҳмонони сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчунин ноиби президенти Комиссияи Аврупо “Барои демократия тавассути ҳуқуқ”-и Шӯрои Аврупо (Комиссияи венетсианӣ), раиси Конфренсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Гагик Арутюнян, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия Анвар Усмон, судяи Суди конститутсионии Федератсияи Русия Николай Бондар, Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмон Озода Эмомалӣ сухан ронданд. 
Дар кори конфронс ҳамчунин раисон ва судяҳои судҳои конститутсионӣ аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Русия, Руминия, Туркия ва Узбекистон ва ҳамчунин роҳбарият ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парлумони кишвар, роҳбарон ва судяҳои мақомоти марказии судӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои дахдор ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.
Дар рафти конфронс масъалаҳои муҳими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавқеи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода мешавад.