Оғози Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор»

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» оғоз гардид.
Дар Форум намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумони кишвар, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, олимону коршиносони варзида, 350 ширкати сармоягузор аз 35 мамолики олам, дар маҷмуъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок менамоянд.
Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ дар бораи дастгирии соҳибкории хурду миёна, имтиёзҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъсиси фонди дастгирии соҳибкорӣ, натиҷаҳои мулоқоти қаблии Сарвари давлат бо соҳибкорон, иштироки тоҷирон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат, воридоти технологияи муосир, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти молу маҳсулот ва дар маҷмуъ оид ба натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ андешаронӣ мекунад. 
Инчунин дар ин форум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи имкону захираҳои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, таҳкими ҳамкории бахши хусусӣ бо давлат, муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои гуногуни табиӣ андешаронӣ менамояд.
Ҳадаф аз баргузории форум - муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, шароити мувофиқ барои муколамаи доираҳои тиҷоратӣ, баррасию дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодӣ, навгониҳои фазои сармоягузории мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо мебошад.