Рӯзҳои синамои Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид

Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз бахшид. Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии фарҳангӣ намояндагони соҳаи фарҳанг ва синамои ҳарду кишвар иштирок ва сухаронӣ намуданд. Баъди ифтитоҳ филми «Хотираҳои пароканда» намоиш дода шуд. Коргардонҳои филми мазкур Елхан Ҷаъфаров ва Рафиқ Алиев мебошанд. Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ,Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Киностудияи давлатиии Тоҷикфилм ва Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Филмҳои офаридаи синамогарони Озарбойҷон дар Ҷумхурии Тоҷикистон то 11-уми июли соли ҷорӣ дар кинотеатрҳои «Ҷавонон», «Зебуниссо» ва киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» намоиш дода мешаванд. Тибқи нақша Рӯзи 10-уми июн дар толори кинотеатри «Ҷавонон»-и пойтахт филмҳои истеҳсоли синамогарони Озарбойҷон бо номи «Адвокат куҷост» ва «Саҳронишин» соатҳои 14 ва 15 пешкаши ҳаводорони синамо гардонида мешавад. Дар маҷмӯъ тайи се рӯз 6 филми озарӣ, аз ҷумла як филми тасвирӣ ва як филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода мешавад. Созмондиҳандагони ин чорабинии фарҳангӣ тасмим доранд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои судмандро миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи фарҳанг ва синамо тақвият бахшанд.

Манбаъ: sinamo.tv