Сиёсати сулҳофарини тоҷикон

«Истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.
Халқи азизи Тоҷикистон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯбарӯ гардид.
Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр  тақозо мекард, ки бо такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳарчи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳоро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парешонӣ қарордошта, таъмини суботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти  сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созанд.
Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне нуздаҳ сол қабл,  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Бо имзои санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид. Аслан, барқарор сохтани сулҳу оромӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии осоишта натиҷаи майлу иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки дар масири нуздаҳ соли сипаришуда барои ҳифзу таҳким ва пойдору ҷовидон мондани ин неъмати арзишманд азму талош ба харҷ медиҳанд.
Бинобар ин, бори дигар бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигоҳдорӣ намоем».
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон