Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи телевизион ва радио

«Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад».

Эмомалӣ Раҳмон

Кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил намуданд. Ҳамчунин, баъзе аз кормандони Кумита бо ҷоизаҳои соҳавӣ мукофотонида шуданд. Ба таври муфассал дар барномаи иттилоотии «Ахбор» мушоҳида хоҳед намуд.