Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба формати HD гузашт

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» санаи 29.01.2018 дар арафаи ҷашни миллии Сада бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба формати дақиқияташ баланди HD гузашт. Таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар Шабакаи иттилоотии "Ҷаҳоннамо" боз як қадами устувор гузошта шавад. Аз ин пас тамоми барномаҳои телевизиони«Ҷаҳоннамо»  дар формати HD таҳия ва манзури бинандагон мегардад. 
Зимни маросими гузариши телевизиони "Ҷаҳоннамо" формати HD таъкид гардид, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВАО аст, ки дар ин самт ҳамасола қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Бояд қайд кард, ки зарурати таҷдиди технологии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани фаъолияти он дар формати HD зимни ифтитоҳи Академияи васоити ахбори омма, телевизионҳои Варзиш ва Синамо ҳанӯз соли 2016 ба миён гузошта буд. Инак дар як муддати муайян пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сатҳу сифати баланд татбиқ гардид. 
Амалигардии нақшаҳо дар ин самт тайи солҳои охир аз рушди озодии баён ва телевизиони тоҷик дар даврони соҳибисқтилолии кишвар шаҳодат медиҳад.