Эълони баргузор шудани интихоботи парлумонӣ

То соати 15:00 аз шумораи умумии интихобкунандагони дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор дошта, ки беш аз 4 миллиону 318 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд,  ҳудуди 3 миллиону 210 ҳазор нафарашон дар  интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ иштирок намуда, раъйи худро додаанд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакии бадастомада 74,33 фоизи раъйдиҳандагон дар интихоботи парлумонӣ иштирок намудаанд ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон доир ба интихоботи парлумонӣ, агар беш аз 50 дарсади интихобкунандагон орои худро ба сандуқ рехта бошанд, онгоҳ интихобот баргузоршуда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки раъйдиҳӣ аз соати 6 субҳ оғоз шуда, то соати 20:00 идома мекунад. Натиҷаҳои пешакии интихобот тахминан соати 10- и 2 март мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.

АМИТ «Ховар»