Э Ъ Л О Н: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холи озмун эълон менамояд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии 1 муовини сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ, 1 муовини сардори раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқии раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон:

Таҳсилоти олӣ:  мутахассис дар соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.

Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 6 сол ва хизмати давлатӣ на кам аз  2 то 5 сол.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

  1.  ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  2.  варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
  3.  шарҳи ҳол;
  4.  нусхаи диплом;
  5.  2 дона расми 3х4;
  6.  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  7.  нусхаи шиноснома;
  8.  маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
  9.  нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  10.  маълумотнома аз ҷои истиқомат;
  11.  маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;
  12.  нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
  13.  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  14.  маълумотнома (справка- объективка).

Музди миёнаи меҳнат аз 978 (нуҳсаду ҳафтоду ҳашт) сомонӣ то 2062, (ду ҳазору шасту ду)  сомонӣ.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз  31 (Хонаи Радио), телефон барои  

маълумот
227-65-69,
227-59-79.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj  дастрас намоед.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.