Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи солгарди 20-ум аз таъсиси Гвардияи миллӣ

Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 20-ум аз таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар Кохи Борбад ҷараён гирифт, ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ ва кулли мардуми кишварро бо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисион ва 20 - солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ таманно намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ба таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки дар қатори дигар ниҳодҳои давлатдорӣ ва сохтору мақомоти низомӣ яке аз беҳтарин самараҳои истиқлолият буда, ҷузъи муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад, бист сол пур мешавад.
Гвардияи миллӣ воҳиди махсусе мебошад, ки дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад.
Аз солҳои аввали таъсисёбии Гвардияи миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки: “мо ин воҳиди низомиро дар даврае таъсис додем, ки кишварамон дар вазъи ниҳоят вазнину ҳасос қарор дошт. Бинобар ин, ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар марҳалаи аввали ташаккулёбии худ дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳи хеле душвору сангин, вале пуршарафро сипарӣ карда, номи пурифтихори гвардиячиро бо нишон додани намунаҳои беҳтарини ҷасорату ҷавонмардӣ ҳифз намуд”.
Президенти мамлакат изҳор дошт, ки имрӯз мо метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки Гвардияи миллӣ ҳоло ба мактаби омодасозии кадрҳои ба халқу миллат содиқу вафодор табдил ёфтааст ва хизмат дар сафҳои он мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Шуҷоату мардонагии гвардиячиёни тоҷик идомаи корнамоиву фидокории ҳазорон нафар родмардони сарзамини аҷдодиамон мебошад, ки хизмат кардан ба марзу бумро рисолати мардонаву меҳандӯстона ва хизмат ба падару модар медонистанд.
Ҳукумати мамлакат дар доираи сисёсати бобарори иҷтимоӣ, ба беш аз 500 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ манзили истиқоматӣ тақдим намуд.
Дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллиро водор месозанд, ки барои баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва мардуми кишвар, риояи Конститутсия ва иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пуршарафи худ дучанд саъю кӯшиш намоянд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки шумо афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ идомадиҳандагони кору пайкори ҳазорон нафар родмардони шуҷои Ватани азизамон ҳастед.
Ҷамъомади идонаро ба муносибати 20 - умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рангини ҳунарии санъаткорони мамлакат ҳусни хотима бахшид.