Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Бародари азиз,
Хабари ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Алҷазоир ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани мусофирони алҷазоирӣ ҳамроҳ бо мусофирони дигар моро сахт андӯҳгин кард.
Бо арзи тасаллият даст ба дуо мебардорем, ки Худованди азза ва ҷалла ҳамаи қурбониёнро дар ҷавори раҳмати хеш паноҳ диҳад ва ба пайвандонашон сабри ҷамил ато фармояд. Худованд Алҷазоир ва мардуми онро аз ҳама гуна мусибатҳо нигаҳ дорад».