Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари заминларза дар як қатор ноҳияҳои музофотҳои Юннани қисмати Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси ҳалокати садҳо нафар ва харобиҳои зиёд гардидааст, мардуми Тоҷикистонро бисёр андӯҳгин намуд.
Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллиёти самимии моро ба халқи дӯсти Чин, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон ва инчунин эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба зарардидагон бирасонед».