Барқияи табрикӣ ба номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷалолатмаоби арҷманд,
Масаррат дорам таъсиси давлати миллӣ ва пешниҳоди Шуморо ба ҳайси номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо, ҷонибдорону муттаҳидони Шумо ва тамоми мардуми бародари Афғонистон сидқан табрик ва таҳният арз намоям.
Комёбии бузурги Шумо дар интихоботи Раёсати ҷумҳурӣ натиҷаи табиии талош ва пайкори содиқонаи Шумо тайи солҳои тулонӣ дар ҷабҳаҳои ҷиҳод, муқовимат ва созандагӣ таҳти раҳбарии фарзандони кабири Афғонистон – устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ, истиқлол, ваҳдат ва пешрафти Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми ранҷдидаи он аст. Мутмаинам, ки дар мақоми олии Раиси Иҷроии Ҳукумат дар таркиби тими муттаҳид бо садоқату фидокорӣ, ҳадафмандӣ ва тадбир фаъолияти босамар ва муваффақ хоҳед дошт.
Итминони комил дорам, ки фаъолияти Шумо ба рушди пайгири муносибатҳои таърихан дӯстонаи мо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳо мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Ба Шумо, Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло тандурустӣ, иродаи матин ва комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон субот, саодат ва пешрафт таманно дорам”.