Озмуни сенириянависон бахшида ба Наврўзи соли 2015

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 5-умин солгарди эълон гардидани Наврўзи байналмилалӣ озмуни сенариянависонро эълон мекунад. Мақсади озмун дарёфти беҳтарин сенарияҳои ҷашнӣ дар мавзўи Наврўзи ҷаҳонист. Қабули сенарияҳо то 5-уми феврали соли 2015 сурат мегирад. Шартҳои озмун Сенарияҳои озмунӣ бо забони тоҷикӣ дар 3 нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод шуда, бояд ҷанбаҳои зеринро фарогир бошанд:

  1.  Наврўз-қадимтарин ва инсонитарин ҷашни мардуми тоҷик;
  2.  инъикоси сабабу заминаҳои эътироф шудани Наврўз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ;
  3.  расму ойин ва анъанаҳои инсонпарваронаи Наврўз;
  4.  фалсафа ва мантиқи ваҳдати табиат ва инсон дар Наврўз;
  5.  муносибати халқҳои ҷаҳон ба Наврўз;
  6.  маърифати Наврўз аз нигоҳи муҳаққиқон;
  7.  аҳамияти Наврўз дар замони ҷаҳонишавӣ;
  8.  инъикоси паҳлўҳои то ҳол гуфтанашудаи Наврўз ва дигар масъалаҳое, ки ба муаллифон зарур ва пураҳамият менамоянд.

Ҳар як муаллиф дар озмун ҳуқуқи пешниҳоди як сенарияро дорад. Барои сенарияе, ки ҳакамон баҳои хуб мегузоранд, ҷоизаи сазовор муқаррар карда мешавад. Телефонҳо барои тамос: 221-32-59; 221-69-27.