Ансамбли давлатии «Фалак»

Ансамбли «Фалак» 20 – уми июли соли 1989 бо қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикисон бо роҳабрии ҳунарпешаи мардумӣ Давлатманд Холов дар назди Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикисон таъсис дода шуд. Ансамбли давлатии «Фалак» соли 2003 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ансамбли давлатии «Фалак» тараннумгари мусиқии халқи тоҷик буда, роҳабарии онро ҳунарпешаи мардумӣ Давлтаманд Холов ба ӯҳда дорад. Инчунин, дар ансамбли давлатии «Фалак» ҳунармондон Носир Сафаров, Абдураззоқ Абдуалимов, Сафомиддин Раҷабов, Олим Исоев, Шоҳин Абдуллоев, Сарбон Олимов, Ҷумъахон Раҷабов, Фарзона Шодиева, Фотима Машрабова, Моҳрухсор Набиева, Ибодат Раҷабова, Матлубахон Раҳимова, Шуҳрат Сайнаков, Баҳриддин Беков, Фаридуни Ҳотам, Санои Ҳошим, Панҷшанбе Ҷорубов ва дигарон кору фаъолият менамоянд.