САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО. Шаҳри Душанбе мизбони «Grand Slam» мегардад

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо — «Grand Slam Dushsnbe» мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо шуруъ аз соли 2024 пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam» мегардад.

Аввалин мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Dushsnbe-2024» 3-5 май ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар асоси қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷаласаи Шуро 28 феврали соли 2024, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони муосир — самараи фаъолияти Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли ҷавони худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба

Страницы