ТОҶИКИСТОН- ҶОЛИБТАРИН МАМЛАКАТИ ОСИЁ. Ҷумҳурии мо дар Малайзия соҳиби ҷоиза гардид

24 феврал дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими супоридани ҷоизаҳо зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ- «RHA SDN BHD» баргузор шуд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд.

Бояд гуфт, ки расонаи малайзиягии «RHA SDN BHD» бо нашри маҷаллаҳои «Top 10 of Malaysia» ва «Top 10 of Asia» маъруф буда, шумораи хонандагони он дар як моҳ ба 400 ҳазор мерасад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ба 490,2 миллион доллар расид

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022 490,2 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 12,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Аммо бо назардошти захираву имконияти васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо Мудири Департаменти Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба Русия иттилоъ дода шуд.

СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бо мақсади тарғиби ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд

Бо мақсади ташвиқу тарғиби ташаббуси 5-уми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд лавҳаи бузурги иттилоотӣ насб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадаф аз насби лавҳаи иттилоотӣ баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташвиқи ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон мусобиқаи гӯштини миллӣ доир карда мешавад

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд додани мусобиқаҳои варзишӣ ва оммавигардонии намудҳои маъмулии варзиш мебошад.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои Кумита таҳия гардида, мавриди корбарӣ қарор гирифтааст.

Страницы