Таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, мавриди баррасии аъзои Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар...

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Викторович Володин ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Страницы