Иштирок дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19-уми Гвардияи миллии Тоҷикистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19-уми ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуд.
Дар саҳни ҳавлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва роҳбарони дигар сохторҳои қудратӣ ва

Шиносоӣ бо кори кишоварзони ноҳияи Шаҳритус

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҳомид ва Қандови ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши онҳо бевосита шинос шуд.
Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Қандов 20 га замин, аз ҷумла 18 га замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, асосан бо пахтакорӣ машғуланд. Майдони умумии кишти пахта 14 га буда, дар аксари он навъи Тоҷикистон кишт намудаанд ва аз ҳар гектараш бовар

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус

Дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияҳои  Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои мавҷуда, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дигар

Страницы