Мусоҳиба бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чин

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт.
Дар мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаи Женмин Жибао, телевизиони марказии Чин (CCTV), радиои байналмилалии Чин ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ширкат доштанд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев

Нимаю дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои ҳамкорӣ ва тавофуқоти қаблии ду

Страницы