Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон
Нашр шуд. Душ, 25/06/2018 - 19:52Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбодӣ менамоям.
Раъйи дар натиҷаи интихоботи мазкур бадастовардаи Шумо боз як нишонаи эътимоду дастгирии ҷомеаи Туркия аз сиёсати созандаи Шумо мебошад.