Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Нашр шуд. Чор, 20/06/2018 - 10:03Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.
Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.