Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Нашр шуд. Пан, 04/04/2024 - 11:41Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, гулчанбар гузошт.
Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон ташриф овард
Нашр шуд. Пан, 04/04/2024 - 11:37Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд
Нашр шуд. Чор, 03/04/2024 - 17:49Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ҳамоиш бахшида ба ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, намоядагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ густариш меёбад.