феврали 2024

Баррасии ҳамкориҳо бо ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб

7-уми феврали соли 2024 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин бо директори иҷроияи ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон Намур мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Ал-Майсан”-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна дар Кувайт иштирок доранд

Аз 4 то 7 феврал дар Давлати Кувайт таҳти унвони «Онҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна мегузарад, ки дар он ихтироъкорону олимони тоҷик низ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳи сатҳи баланд дар қатори 33

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Яке аз ҳадафҳои асосии он мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ҷустуҷӯи ҳалли инноватсионӣ аст

Аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри  Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар».

Ҳадафи конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад.

Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амалиёти об аз силсилаи чорабиниҳое мебошад, ки дар ду сол

Ҳайати Қирғизистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид

5 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  рафти корҳо дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ медиҳад.

Меҳмононро мутахассисони Ҷамъияти саҳомии

Дар Тоҷикистон нашъамандӣ дар байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон коҳиш ёфтааст

Зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023, ки имрӯз баргузор гардид, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҳолат ва натиҷаҳои амалисозии марҳалаи якуми «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» пурсон шуд.Тавре роҳбарияти Агентӣ иттилоъ