Субҳиддин Шамсиддинзода: ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Нашр шуд. Ҷум, 22/09/2023 - 10:24Соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик давраҳои тиллоии ҳаёти давлат ва миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва азму иродаи қавии давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд.