Дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қариб 1700 иншооти таъйиноти гуногун сохта шудаанд
Нашр шуд. Душ, 17/09/2018 - 11:27Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмон ва таъмиру навсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, бунёди 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, 26 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ, ки 15 сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ доир гардид, баён доштанд.