ИН МОДАРИ КУЛЛ- ТОҶИКИСТОН БОШАД! Сипосномаи иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Нашр шуд. Сеш, 29/08/2017 - 15:22Аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Тӯли як ҳафта зиёда аз 800 нафар зодагони Бадахшон дар вилояти Суғд фарҳанги мардуми кӯҳистонро намоиш доданд. Иштирокдорони ин ҳафтаи фарҳангӣ бо изҳори таассуроти баланду бардоштҳои ҷолиб аз ин рӯзҳо сипосу минатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ