Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар
Нашр шуд. Чор, 16/08/2017 - 09:22Дар чаҳорчӯби боздиди корӣ аз ноҳияи Бохтар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст иштирок варзиданд.
Хонандагони ин мактаб бо нишони арҷгузорӣ ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Хаб