Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори 23 - юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ
Нашр шуд. Сеш, 23/02/2016 - 08:19Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамватанони азиз!
Бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи