Дабири Кулли СММ Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Нашр шуд. Шан, 29/06/2024 - 16:09Дабири Кулли СММ Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ин сафар дар доираи ташриф ба кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон сурат хоҳад гирифт.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 29/06/2024 - 11:1628 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.
ҚАРОР аз 13 январи соли 2024 №5 ш. Душанбе Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671
Нашр шуд. Шан, 29/06/2024 - 10:24Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2024:
— маоши вазифавӣ (меъёрҳои тариф)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шавад;
— маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда шавад;