Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 20/10/2023 - 16:2420 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо шарикони рушд сохта шудааст.
Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.