Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ” дар шаҳри Конибодом
Нашр шуд. Чор, 27/06/2018 - 20:28Шоми рӯзи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ Варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ”-и шаҳрро бо 10000 ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маблағи харҷномавии умумии лоиҳа наздики 8 миллион сомонӣ буда, фармоишгари лоиҳаи мазкур Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.