Ифтитоҳи Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”
Нашр шуд. Сеш, 26/06/2018 - 12:2226 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” — ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.
Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча — мебел” аз тарафи муассисон- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва Компания”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “УчЮлдиз” — и Туркия бунёд шуд.