Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан
Нашр шуд. Душ, 25/06/2018 - 20:55Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Мулоқоти имрӯзаи мову шумо — мардуми ҳунарманду заҳматқарини шаҳри бостонии Истаравшан дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонӣ, кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.